• Employees   
  • Students   
  • Distance education   
  • Graduates   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Institute
    • About the Institute
      • General Information
      • Development Strategy
    • Academic Council
    • Management
    • The structure of the institute
    • Sustainable Development Goals
      • Strategic Development Goals of the Republic of Tajikistan
      • Twenty years of the study and development of natural, exact and mathematical sciences in the field of science and education (2020-2040)
      • Science is the beacon of enlightenment
      • Book - the wisdom of the dawn radiance
      • "Tajikon" is a mirror of the nation's history
      • Tajikistan is my home country
    • Laws and regulatory legal acts
    • News
    • Contacts
  • TRAINING
    • Educational and Methodological Council
    • Bachelor's Degree
    • Master's Degree
    • PhD Studies
    • Second Degree
    • Cyclic Training
    • Academic Calendar
    • Student Practice
    • Short-Term Courses for Students
    • Preparation Courses for Applicants
  • page
    • submenu
      • subsubmenu
  • RESEARCH
    • Scientific and Technical Council
    • Laboratories and Research Centers
    • Scientific and Technical Library
    • Scientific Research
    • Bulletin of KPITTU
    • Technological Park
    • Conferences, seminars, and olympiads
    • Scientific Clubs
  • Educational activities
    • Department of Youth Affairs
    • Sport
    • Art Club
    • Public Relations
    • Publication “Mehvari Donish” (Core of Knowledge)
    • Public Councils
      • Institute Veterans Council
      • Institute Women's Council
      • Committee of curators
  • International relations
    • International Cooperations
    • Partnership Development
    • Projects and Grants
    • International Educational Programs
  • Admission – 2026
    • Admission Rules
    • Admission plan
    • Tuition Fees
    • List of documents for admission
    • Admissions committee

  • Main
  •     /  
  • News
  •     /
  •    ПАЁМ: СИЁСАТИ ДУРАНДЕШОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОН
 ПАЁМ: СИЁСАТИ ДУРАНДЕШОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОН
ПАЁМ: СИЁСАТИ ДУРАНДЕШОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОН

ПАЁМ: СИЁСАТИ ДУРАНДЕШОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОН
Тарбия ин раванди ниҳоят муҳим ва масъулиятнок аст, ки ҳадафи он омода намудани насли наврас ва ҷавонон ба ҳаёт дар ҷомеа ва эътирофи системаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда мебошад. Зеро дар раванди тарбия бевосита ташаккули ҷамъият ба амал меояд, бинобар ин ташкилёбии ҷамъияти оянда аз тарбияи имрӯзаи насли наврас ва ҷавонон хеле вобаста аст. Муҳимияти масъалаи мазкур водор месозад, ки дараҷаи масъулиятнокии устодон дар ин самт баланд карда шавад.
Тарбияи насли наврас хеле кори пурмашаққат буда, аз устодон маҳорату малакаи зиёди касбиро талаб менамояд. Бахусус дар замони ҳозира, ки таъсири манфии омилҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ ба ҷаҳонбинии ҷавонон дида мешавад, муҳимияти ташкили раванди тарбияи онҳо дар руҳияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ, посдории тамаддуни миллӣ хеле меафзояд. Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон Эмомалии Раҳмон ҳаматарафа барои дар чунин руҳия тарбия гирифтани ҷавонон мусоидат менамояд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд менамоянд, ки «ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода шавад.»
Қабули Консепсияи миллии тарбия, 3- юми марти соли 2006, яке аз қадамҳои устувор дар таҳким бахшидани раванди тарбияи ҷавонон ва насли наврас бо дарназардошти унсурҳои тарбияи миллӣ мебошад. Дар он ҳама ҷанбаҳои тарбияи миллии ҷавонон ба монанди тарбияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ, маърифатию ҳуқуқӣ ва ғайра дида мешаванд.
Ҳамчунин дар ин самт як қатор дигар санадҳои муҳим ба монанди «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» омода карда шудаанд, ки ба амалӣ намудани ҳадафҳои пешгузошташудаи давлат дар самти тарбияи насли наврас мусоидат менамоянд.
Стратегияҳо, барномаҳо ва қонунҳои дар боло зикргардида, натиҷаҳои амалишавии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти таълим ва тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебошад. Дар ин санадҳо ҳамаи масъалаҳои мубрами раванди таълиму тарбияи ҷавонон таҷассум ёфтаанд ва барои коркард ва амалигардонидани онҳо ҳама мақомотҳо ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷалб карда шудаанд. Масалан барои таҳияи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис дода шуда, «ба ҳайати ин Шӯрои ҳамоҳангсоз мутахассисони Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президента Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва чамъиятӣ шомил гардиданд.»
Чунин ташкили раванди амалӣ намудани ҳадафҳо дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавонон бешубҳа ба натиҷаҳои мусбӣ оварда мерасонанд.
Мо устодон низ дар навбати худ бояд бо мазмун ва мундариҷаи Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз наздик шинос шуда, ҳаматарафа барои дар амал тадбиқ намудани онҳо саҳмгузор бошем.
Малика Ахмедова,
устоди кафедраи иқтисоди
муҳандисӣ ва менеҷменти ДПДТТ ба номи академик Муҳамад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 2197

Category

  • News
  • Events

Latest news


  • 03.08.2026
МАРОСИМИ ТАҚДИМИ БОТАНТАНАИ ДИПЛОМҲО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДА
МАРОСИМИ ТАҚДИМИ БОТАНТАНАИ ДИПЛОМҲО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДА
  • 03.08.2026
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ (БОҶ) ВА KOICA БА ДОНИШКАДА
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ (БОҶ) ВА KOICA БА ДОНИШКАДА

Popular news


  • 03.01.2025
News
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Address

Polytechnical Institute of Tajik Technical University named after academician M.S. Osimi in Khujand

Contacts

Republic of Tajikistan, 735700 sh. Khujand, 226 Ismaili Samoni Avenue

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

About

  • Institute
  • TRAINING
  • LATEST NEWS
  • EVENTS AND ACTIVITIES
  • Virtual tour

Links

  • President of the Republic of Tajikistan
  • Ministry of Education and Science of the Republic of Tajikistan
  • Agency for control in the field of education and science under the President of the Republic of Tajikistan
  • NIAT «Khovar»

© Copyright 2026 | Все права защищены